1 АПРЕЛ-РӮЗИ ҲАҶВУ МУТОИБА. Ханда ба инсон неруву ҳаловат мебахшад
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи хандаро дар кишварҳои гуногуни дунё ҳаргуна таҷлил менамоянд.
Дар Тоҷикистон байни мардуми мо низ одат шудааст, ки 1 апрел бо ҳам ҳазлу шӯхӣ намуда, маҳфилҳои ханда барпо намоянд.
Солҳои пеш ба муносибати Рӯзи ханда дар шаҳри Душанбе ва дигар марказҳои вилоятҳои Тоҷикистон бо ширкати ҳавҷнигорону базлагӯён маҳфилҳо доир мешуданд. Ҳунармандони ҳаҷвнигори студияҳои «Усто ва Масто», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Очаи Бика ва Зика», театри минётурии «Оина» ва ғайра бо барномаҳои ҷолибу ҳаҷви латиф дар саҳнаҳои театр ва тавассути барномаҳои телевизионӣ ҳунарнамоӣ намуда, хотири мардумро болида мегардониданд.
То ҳол сокинони Тоҷикистон намоиши «УРБШДМ» («Убайдулло Раҷабов ба шабнишинӣ даъват менамояд»)-ро, ки чандин сол пеш дар Душанбе барпо шуда буд ва ҳанӯз тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешавад, аз ёд набурдаанд.
Дар чанд соли охир дар Рӯзи ханда ҳаҷвнигорони студияҳои «Лаҳзаҳои гуворо», «Ғарибшо-компания», «Хандинкамон», «Табассум» ва дигар студияҳои ҳаҷвӣ хотири мухлисону алоқамандони ҳаҷвро бо барномаҳояшон болида месозанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дӯсторони ҳаҷв зиёд буда, ҳаҷви тоҷик низ ба мисли дигар соҳаҳои муҳими санъат- кинову намоишҳои театрӣ бояд рушд намояд. Зеро, тавре мегӯянд, «ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад».
Дар бораи чӣ гуна пайдо шудани ин рӯз то ҳанӯз баҳсу мунозираҳои зиёд мавҷуд ҳастанд. Яке аз ин фарзияҳо ин аст, ки ин ид дар Рими қадим ба вуҷуд омадааст ва дар нимаи дуюми моҳи феврал мардум Рӯзи содалавҳонро ид менамудаанд. Апулей чунин меҳисобад, ки дар Рими қадим фиреби нахустапрелӣ марбут ба ҷашни бахшида ба Худои хандаҳо буд.
Дар фарзияи дигар омадааст, ки он дар Ҳиндустони қадим пайдо шудааст ва 31 март чун рӯзи шӯхӣ дар ин мамлакат таҷлил мешуд. Боз назаре ҳаст, ки ирландиҳо дар замони қадим 1 апрел ба муносибати соли нав ҳазлу шӯхӣ менамудаанд.
Бархе бар он ақидаанд, ки 1 апрел сараввал дар Ҳиндустон ва Рими қадим чун оғози баҳор ид карда мешуд. Ба муносибати соли нави баҳорӣ маҳфил, базму гаштугузори шӯхиомез баргузор менамуданд. Ҳамин тавр одамон дар муқобили номусоидии ҳавои баҳорӣ бо ҳазлу шӯхӣ ва ханда худро шод менамуданд. Воқеан, тавре Виктор Гюго фармудааст, «ханда мисли офтоби баҳор аст ва сардиро аз тану чеҳраи инсон дур месозад».
Ҳоло Рӯзи хандаро мардуми тамоми дунё бо шавқи беандоза ид мекунанд ва дар ин рӯз гӯл задани якдигар бо шӯхиҳои безарар ба ҳукми анъана даромадааст.
АКС аз манбаъҳои боз








«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд






