35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Фархор 81 иншоот ба истифода дода мешавад

Апрель 3, 2024 09:58

ФАРХОР, 03.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор бунёду навсозии 400 бинову иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иттилоъ доданд, бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ имсол 81 бинову иншоот ба истифода дода мешаванд. 

Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2025  сохтмону навсозии 59 иншоот ва соли 2026  105 иншоот дар нақша аст.

Аз ин шумора 41 иншоот ба шаҳраки Фархор, 38 иншоот ба Ҷамоати деҳоти Фархор, 43 адад ба Ҷамоати деҳоти Ватан, 44 иншоот ба Ҷамоати деҳоти Хуросон, 45 адад ба Ҷамоати деҳоти Зафар, 43 иншоот ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод,  40 адад ба Ҷамоати деҳоти Гулшан, 21 иншоот ба Ҷамоати деҳоти Дарқад, 52 адад ба деҳоти Истиқлол ва 33 бинову иншоот ба Ҷамоати деҳоти Хутан рост меояд.


Бояд ёдовар шуд, ки сохтмони Маркази саломатӣ дар деҳаи Шуҳратёри Ҷамоати деҳоти Ватан, Маркази ташхис дар маркази ноҳия, сохтмони таваллудхонаи замонавӣ дар деҳаи Ориёни Фархор, сохтмони корхонаи хишти пухта дар деҳоти Сайёди ҷамоати Дарқад бо иқтидори 5,0 миллион дона дар як сол, коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи макаронбарорӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Фархор, майдончаҳои варзишӣ, дорухона, шағалпӯшкунии 22,6 километр роҳҳои дохили кӯчаву маҳаллаҳо, васлу насби 18 трансформатор, китобхона, сохтмони бинои Маркази хизматрасонии баландошёна ва бинои Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ аз ҳамин ҷумла мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 ба ҷойи 75 иншооти нақшавӣ 83 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 3, 2024 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд