Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Давлати Фаластин Луай Исса мулоқот намуд

Апрель 13, 2024 14:58

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Луай Исса мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Фаластин ба рушду тавсеаи муносиботи ҳасанаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф мусоидати муассир менамояд.

Абдуҷаббор Азизӣ густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ва аҳаммияти таҳкиму такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории ду мамлакатро муҳим ва зарур шумурда, самтҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳаҳои фарҳанг, илму техника, маориф ва тибро аз ҷумлаи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ намуд.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Апрель 13, 2024 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст