Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар Вашингтон дар маҷлиси машваратии мамлакатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар маҷлиси навбатии мамлакатҳои электорат масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамуҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор баррасӣ гардиданд.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода аз нақши Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки маҷлиси машваратӣ аз лиҳози муколамаи бисёрҷониба ва омӯзиши таҷрибаи шарикии кишварҳои электорат ба ҳимояи манфиатҳои давлатҳои аъзо мусоидат намуда, ба сифат ва қабули фаврии қарорҳои муҳим барои мамлакатҳои аъзои гурӯҳ таъсири мусбат мерасонад.
Таъкид гардид, ки вазъи кунунии мураккаби геополитикӣ ба рушди иқтисодии давлатҳои минтақа, муносибатҳои байналмилалии тиҷоратӣ, бозорҳои молиявию ашёи хом дар ҷаҳон бетаъсир буда наметавонад. Гуфта шуд, ки бо назардошти сатҳи баланди номуайянӣ бояд роҳҳои нави таъмини устувории иқтисодиёт дар давраи ҷорӣ ва миёнамуҳлат ҷустуҷӯ карда шаванд.
«Бахшҳои молиявии минтақаи Осиёи Марказӣ дар нигоҳ доштани сиёсатҳое, ки ба ҳифзи иқлим дар минтақа нигаронида шудаанд, нақши муҳим доранд. Бо назардошти он ки воситаҳои қарздиҳии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои қонеъ кардани ниёзҳои тағйирёбандаи давлатҳо пайваста такмил дода мешаванд, дастгирии Хазина дар таъмини маблағгузории дарозмуддати дастрас барои тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор мувофиқи мақсад шуморида мешавад»,- иброз намуд Ҳоким Холиқзода.
Дар анҷом Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро ба ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки аз 1 то 3 июли соли 2024 дар Тоҷикистон гузаронида мешавад, даъват намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






