Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд

Апрель 22, 2024 16:26

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини  аввали Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода дар Вашингтон дар маҷлиси машваратии мамлакатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар маҷлиси навбатии мамлакатҳои электорат масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамуҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор  баррасӣ гардиданд.

Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода аз нақши Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки маҷлиси машваратӣ аз лиҳози муколамаи бисёрҷониба ва омӯзиши таҷрибаи шарикии кишварҳои электорат ба ҳимояи манфиатҳои давлатҳои аъзо мусоидат намуда, ба сифат ва қабули фаврии қарорҳои муҳим барои мамлакатҳои аъзои гурӯҳ таъсири мусбат мерасонад.

Таъкид гардид, ки вазъи кунунии мураккаби геополитикӣ ба рушди иқтисодии давлатҳои минтақа, муносибатҳои байналмилалии тиҷоратӣ, бозорҳои молиявию ашёи хом дар ҷаҳон бетаъсир буда наметавонад. Гуфта шуд, ки бо назардошти сатҳи баланди номуайянӣ бояд роҳҳои нави таъмини устувории иқтисодиёт дар давраи ҷорӣ ва миёнамуҳлат ҷустуҷӯ карда шаванд.

«Бахшҳои молиявии минтақаи Осиёи Марказӣ дар нигоҳ доштани сиёсатҳое, ки ба ҳифзи иқлим дар минтақа нигаронида шудаанд, нақши муҳим доранд. Бо назардошти он ки воситаҳои қарздиҳии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои қонеъ кардани ниёзҳои тағйирёбандаи давлатҳо пайваста такмил дода мешаванд, дастгирии Хазина дар таъмини маблағгузории дарозмуддати дастрас барои тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор мувофиқи мақсад шуморида мешавад»,- иброз намуд Ҳоким  Холиқзода.

Дар анҷом Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро ба ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки аз 1 то 3 июли соли 2024 дар Тоҷикистон гузаронида мешавад, даъват намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 22, 2024 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд