Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

Апрель 29, 2024 09:56

ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Ба муносибати пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соли 2024 эълон гардидани шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ барномаи бошукуҳи Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Рӯзҳои сайёҳӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардиданд. Зимни он Фестивали хӯрокҳои миллӣ баргузор шуд, ки дар он аз ҷониби ошпазҳои моҳири мамлакат дастархони миллии тоҷикӣ бо хӯрокҳои миллӣ, аз қабили ош, қурутоб ва оши туппа ороста шуд. Аз ҷониби иштирокчиён ба дастархон ва таомҳои миллии тоҷикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуда, ба лаззати таомҳои миллии тоҷикӣ баҳои баланд дода шуд.

Дар натиҷаи баргузории Фестивали хӯрокҳои миллӣ аз ҷониби Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ ба ошпази мамлакати мо Сипоснома тақдим гардид.

Ҳамзамон дар доираи Рӯзҳои сайёҳӣ аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон барои муаррифии санъату фарҳанг ва либосҳои миллӣ намоиши либосҳои миллӣ баргузор карда шуда, аз ҷониби Ансамбли «Фалак»-и ба номи Одина Ҳошимов аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон сурудҳои халқӣ суруда шуданд.

Иштироки ҳайати мамлакат дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ба ин васила ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони давлатҳои аъзо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, Ансамбли «Фалак»-и ба номи Одина Ҳошимов аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев, варзишгарони бозиҳои миллӣ, Телевизиони «Тоҷикистон», Хонаи мӯд ва ошпазҳои моҳири мамлакат иштирок намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 29, 2024 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид