Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва Узбекистон: уфуқҳои нави шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад, ки ташкилкунандагони он Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ мебошанд. Бо ин мақсад ҳайати Узбекистон дар ҷумҳурии мо қарор дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Дар робита ба ин дар Душанбе мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Узбекистон Жавлон Ваҳобов баргузор гардид,
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷумҳурӣ мебошад. Хайриддин Усмонзода нақши роҳбарони олии ду мамлакати дӯстро дар пешбурд ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуд.
Инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, аз ҷумла иқтисоди «сабз», фарҳангӣ ва сайёҳӣ барои ҳарду ҷумҳурии ҳамфарҳанг муҳим арзёбӣ шуда, иброз гардид, ки мавриди истифода қарор додани зарфият ва имконияти воқеӣ ва истифоданашуда ба манфиати давлатҳо мебошад.
Директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Жавлон Ваҳобов ба сатҳи равобити мавҷудаи илмӣ-таҳлилӣ байни ҳарду муассиса баҳои мусбат дода, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҷонибҳо баҳри тақвияти ҳамкории коршиносӣ талоши бештар менамоянд.
Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Хайридин Усмонзода ва Жавлон Ваҳобов «Нақшаи амали Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ барои соли 2024» ба имзо расонида шуд. Ҳуҷҷати мазкур сафарҳои муштараки мутақобилаи коршиносӣ ба Тоҷикистон ва Узбекистон, иштироки муҳаққиқони ҳарду ҷонибро дар конфронсҳои аз тарафи ин институтҳо ташкилшаванда, нашри мақолаҳои муштарак, гузаронидани машваратҳои дуҷониба баҳри омодагӣ ба конфронси байналмилалӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Дар мулоқот аз ҷониби узбекистонӣ инчунин роҳбарону мутахассисони Маркази иттилоотӣ-таҳлилии равобити байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, Институти омӯзиши макроиқтисодӣ ва минтақавии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Узбекистон, Институти тадқиқоти байналмилалии Донишгоҳи ҷаҳонии иқтисод ва дипломатия, Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Ҷонибҳо баргузории конфронсро давоми мантиқии сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳарду ҷумҳурии дӯст арзёбӣ намуда, минбаъд низ идома додани чунин анъанаи неки ҳамкориро ба манфиати ҳарду мамлакат арзёбӣ намуданд.
АКС:АМИТ «Ховар»








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






