Ҷавонони шуҷоатманди шаҳри Гулистон омодаи хизмат ба Ватан-Модар мебошанд
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маросими гусели ботантанаи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.
Ҳамоиши тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Таъкид шуд, ки хушбахтона, имрӯзҳо садҳо ҷавонписарон аз шаҳри Гулистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Модар-Ватанро ба иҷро мерасонанд.
Мояи хушнудӣ аст, ки дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ҷамоати шаҳракҳои Чоруқдаррон, Зарнисор ва Навгарзан нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Раиси шаҳр иброз намуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2024 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расид. Вобаста ба ин хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд. Ҳамчунин моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват мешаванд.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати начандон дароз аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши мамлакатро таъмин менамояд.
Маҳз тавассути ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши миллии мо ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизаткунанда табдил ёфтааст.
Дар маросими тантанавӣ ба як зумра навдаъватон, ки даврҳои ронандагиро ба итмом расонидаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим шуд.
Сипас, чун анъана маросими нонгазон доир гардид. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзур намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






