Байни Тоҷикистон ва Покистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории транзитӣ ва тиҷоратӣ ба имзо расид

Апрель 4, 2024 18:33

ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Покистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории транзитӣ ва тиҷоратӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин иқдом дар натиҷаи мулоқот ва мувофиқаи Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори генералии ширкати пешбари логистикии мултимодалии Покистон «National Logistics Corporation (NLC)» Фаррух Шаҳзод Рао амалӣ гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, мулоқот дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва масъалаҳои рушди ҳамкорӣ, афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни ду давлат дар доираи Созишнома «Дар бораи савдои транзитӣ», ки декабри соли 2022 байни ҳукуматҳои ду давлат дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ба имзо расида буд, баррасӣ шуд.

Тибқи Ёдошти тафоҳум густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту логистика, тиҷорати транзитӣ, рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва контейнерӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ сабукгардонии интиқоли бор, баргузор намудани мулоқоту гуфтушунидҳо, конфронсу намоишгоҳҳо, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии муштарак, табодули таҷриба, ташкили намояндагии тарафҳо дар давлатҳои якдигар, бунёди инфрасохтори логистикӣ ва хизматрасониҳои сарироҳӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ёддошти тафоҳумро Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» — и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмиддин Саломзода ва Директори генералии ширкати «National Logistics Corporation» Ҷумҳурии Исломии Покистон Фаррух Шаҳзод Рао имзо намуданд.

«National Logistics Corporation» — ширкати пешбари логистикии мултимодалӣ дар Покистон буда, хизматрасониҳоро вобаста ба интиқоли бор дар дохили Покистон ва минтақаҳо бо истифода аз нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, баҳрӣ ва ҳавоӣ пешниҳод мекунад. Ширкат дорои низоми идоракунии парки нақлиётӣ мебошад, ки барои коркарди борҳо, инчунин шабакаи анборҳо ва бандарҳои хушк дар марказҳои бузурги савдо ва шаҳрҳои бандарии Покистон истифода мешавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2024 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд