БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Дар ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳорӣ дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро гардид

Апрель 1, 2024 15:24

МУЪМИНОБОД, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Зимни ҳамоиш аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳия иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даъвати баҳории имсола дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро гардид.

Сараввал наваскарон аз комиссариати ҳарбӣ то макони баргузории чорабинӣ роҳпаймоӣ намуда, бо Парчами давлатӣ вориди майдони марказӣ гардиданд. Шиори ин ҷавонон аз «Хизмати софдилона ба Ватан, ҳимояи марзу буми он ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ» иборат буд.

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, падару модарон, собиқадорон ва фаъолони ноҳия иштирок намуда, даъватшудагонро бо расидан ба синни мардонагӣ, далерию ҷасурӣ таҳният гуфта, онҳоро ба ҳимояи якпорчагии Ватан ва хизмати содиқона ба он роҳнамоӣ намуданд.

Иброз гардид, ки бо кӯшишу талошҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон ба таври комил тарҳрезӣ шуда, марҳила ба марҳила дар амал татбиқ мегардад.

Раиси ноҳияи Муъминобод Сайвалӣ Амирзода ба падару модароне, ки фарзандонашонро тарбияи дуруст дода, имрӯз ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намудаанд, миннатдорӣ баён намуд. Ӯ иброз дошт, ки «хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавони бонангу номус буда, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан саҳм гузорем».

Аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия ба наваскарон сарулибоси варзишӣ, ҳуҷҷати ронандагӣ, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Барномаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги ноҳия бо шеъру таронаҳои рангину ҷаззоб хотири ҳозиринро болида гардонид.

Дар охир бо дуои неки падару модарон даъватшудагон ба қисмҳои низомӣ гусел шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2024 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд