Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид

Апрель 17, 2024 15:41

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилгарони Хазинаи авруосиёии субот ва рушд (EFSD) санади нави кории «Арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон”-ро омода намудаанд. Аз сабаби ҷойгиршавии ҷуғрофӣ хатари офатҳои табиӣ метавонанд ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ин давлатҳо таъсири ҷиддӣ расонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ин хазина иттилоъ доданд.

Дар доираи таҳқиқот профилҳои давлатҳо, аз ҷумла маълумоти систематикии  ҷуғрофӣ, иқлим, демография ва иқтисод, инчунин ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи офатҳои табиии гузашта тартиб дода шуданд. Дар асоси таҳлили маълумоти таърихӣ хулоса бароварда шуд, ки хатари асосии офатҳои табиии эҳтимолӣ ба устувории иқтисодии Арманистон заминларза ва хушксолӣ, барои Қирғизистон ва Тоҷикистон заминларза ва обхезӣ мебошанд.

Коршиносони хазина алгоритми амалеро таҳия намудаанд, ки метавонад барои арзёбии таъсири офатҳои табиӣ ба андозаҳои макроиқтисодӣ ва устувории қарзи давлат истифода шавад.

Ин алгоритм якчанд марҳилаҳоро дар бар мегирад: (1) интихоби навъи офати табиӣ, (2) арзёбии ҳаҷми зарари мустақими иқтисодӣ аз офати табиӣ, (3) арзёбии таъсири ин хисорот ба нишондиҳандаҳои гуногуни макроиқтисодӣ бо истифода аз маълумоти умумии моделҳои мувозинат (модели QPM), (4) татбиқи санҷиши ангеза дар доираи системаи таҳлили устувории қарз (DSA) бо мақсади муайян кардани хавфҳо ба қобилияти пардохтпазирии давлат.

«Равиш ва арзёбиҳои пешниҳодшуда метавонанд барои таҳияи стратегияҳои фискалӣ, инчунин стратегияҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ истифода шаванд. Ин, дар навбати худ, ба идоракунии самараноки хавфҳои молиявӣ ва таъмини суботи рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд», — гуфт муовини директори иҷроия ва сариқтисодчии хазина Сергей Улатов.

Варианти пурраи ҳуҷҷати кории «Арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон»-ро дар вебсайти Хазинаи авруосиёии субот ва рушд пайдо кардан мумкин аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 17, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд