Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилгарони Хазинаи авруосиёии субот ва рушд (EFSD) санади нави кории «Арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон”-ро омода намудаанд. Аз сабаби ҷойгиршавии ҷуғрофӣ хатари офатҳои табиӣ метавонанд ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ин давлатҳо таъсири ҷиддӣ расонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ин хазина иттилоъ доданд.
Дар доираи таҳқиқот профилҳои давлатҳо, аз ҷумла маълумоти систематикии ҷуғрофӣ, иқлим, демография ва иқтисод, инчунин ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи офатҳои табиии гузашта тартиб дода шуданд. Дар асоси таҳлили маълумоти таърихӣ хулоса бароварда шуд, ки хатари асосии офатҳои табиии эҳтимолӣ ба устувории иқтисодии Арманистон заминларза ва хушксолӣ, барои Қирғизистон ва Тоҷикистон заминларза ва обхезӣ мебошанд.
Коршиносони хазина алгоритми амалеро таҳия намудаанд, ки метавонад барои арзёбии таъсири офатҳои табиӣ ба андозаҳои макроиқтисодӣ ва устувории қарзи давлат истифода шавад.
Ин алгоритм якчанд марҳилаҳоро дар бар мегирад: (1) интихоби навъи офати табиӣ, (2) арзёбии ҳаҷми зарари мустақими иқтисодӣ аз офати табиӣ, (3) арзёбии таъсири ин хисорот ба нишондиҳандаҳои гуногуни макроиқтисодӣ бо истифода аз маълумоти умумии моделҳои мувозинат (модели QPM), (4) татбиқи санҷиши ангеза дар доираи системаи таҳлили устувории қарз (DSA) бо мақсади муайян кардани хавфҳо ба қобилияти пардохтпазирии давлат.
«Равиш ва арзёбиҳои пешниҳодшуда метавонанд барои таҳияи стратегияҳои фискалӣ, инчунин стратегияҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ истифода шаванд. Ин, дар навбати худ, ба идоракунии самараноки хавфҳои молиявӣ ва таъмини суботи рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд», — гуфт муовини директори иҷроия ва сариқтисодчии хазина Сергей Улатов.
Варианти пурраи ҳуҷҷати кории «Арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон»-ро дар вебсайти Хазинаи авруосиёии субот ва рушд пайдо кардан мумкин аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






