Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд намудани шаҳрвандон барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ санаи қабули ҳуҷҷатҳоро барои дарёфти озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» то 31 майи соли 2024 тамдид намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Бо Ҷоиза барои дастовардҳои зерин: дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; сармоягузори беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; навовари беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; кори илмӣ (таҳқиқотии) беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; дастоварди беҳтарин дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Барои дарёфти Ҷоиза вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳуҷҷатҳояшонро тибқи Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод менамоянд.
Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3 ё ин ки тариқи телефонҳои (+992 37) 227 87 03 муроҷиат намуда метавонанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоиза ҳамасола барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои муассиртарин, навоварӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таблиғи маҳсулоти сайёҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба арзишҳои моддию маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
Муҳлати охири ҳуҷҷатсупорӣ 31 майи соли 2024 муқаррар гардидааст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






