Дар Бадахшон Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид

Апрель 6, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид, ки дар он аз шаҳру ноҳияҳои вилоят занону ҷавондухтарон бо дастовардҳояшон дар соҳаи ҳунармандӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик гузаронида мешавад.

Баргузор намудани чунин фестивалҳо хеле ба маврид буда, аз як тараф агар ҳунари волои аҷдодӣ ҳифз шавад, аз тарафи дигар таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб менамояд.

Тавассути ин фестивал  ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардида, барои пойдории арзишҳои фарҳангӣ заминаи устувор гузошта мешавад.

Дар даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»   шаҳри Хоруғ бо Дипломи дараҷаи 1, ноҳияи Рӯшон бо Дипломи дараҷаи 2, ноҳияи Дарвоз бо Дипломи дараҷаи 3 ва дигар ноҳияҳо барои иштироки фаъолона бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 6, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад