Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Истаравшан бо баландии 12 метр муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохт

Апрель 11, 2024 09:02

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 10 апрел дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар боғи мазкур муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 12 метр гузошта шуд.

Боғи мазкур дар  маркази шаҳри Истаравшан дар масоҳати 2,4 гектар замин ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ дар давоми 2 сол бунёд шуда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.

Дар боғ  барои истироҳату фароғати хушу хотирмони сокинон ва меҳмонону сайёҳон роҳравҳои васеъ, гулгаштҳои зебо, нишастгоҳҳо, суҳбаткадаҳо, барои дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва машғулияти кӯдакон ҷойҳои махсус ташкилу таҷҳизоти варзишӣ насб карда шудааст, ки макони истироҳату бозии кӯдакон, машқу тамрини наврасону ҷавонон ва солимгардонию тарбияи бадан барои сокинон мебошад.    

Дар шомгоҳон намои боғи фарҳангию фароғатӣ хеле зебою дилрабо гардида, 70 адад сутунпояҳо бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ба ҳудуди иншоот ҳусни дигар зам мекунад.


Гирду атрофи боғи фарҳангӣ панҷарабандӣ гардида, дарвозаи даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.

Дар мавзеъҳои гуногуни боғи фарҳангӣ 1000 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои бешумори мавсимӣ шинонида шуда, масоҳати пурраи замин майсазор карда шудааст. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври қатрагӣ обрасонӣ шуда, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардидааст.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Истаравшан ҷойи писандидаи  истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон хоҳад гашт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2024 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад