Дар Боку масъалаи баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуд

Апрель 12, 2024 10:26

ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири экология ва захираҳои табии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ байни  Тоҷикистон ва  Озарбойҷон Мухтар Бабаев баргузор гашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷараёни амалисозии тавофуқҳои байни ҷонибҳо қаблан бадастомада дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, инчунин масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо инчунин масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон ва  Озарбойҷонро дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва Иҷлосияи 29-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР29) баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 12, 2024 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд