Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар мавзуи «Махдумқулӣ Фароғӣ — тарбиягари идеяи бародарии халқҳо» ҳамоиш доир шуд

Апрель 5, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президентҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, олимону зиёиёни илмӣ ва эҷодии ҳарду мамлакат дар мавзуи «Махдумқулӣ Фароғӣ — тарбиягари идеяи бародарии халқҳо» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамоиш ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири Шарқу туркман Махдумқулӣ Фароғӣ доир шуда, президенҳои академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Туркманистон изҳор доштанд, ки ҳамкории дучониба дар самти илмро густариш дода, барои ба даст овардани натиҷаҳои илмии назаррас талош менамоянд.

Дар ҳамоиш олимону зиёиёни ду мамлакат доир ба моҳияти ин мавзуъ баёни ақида намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон бо Туркманистон дар низоми мутақобилан судманд густариш ёфта, чандин созишномаву санадҳои зарурӣ ба тасвиб расонида шудаанд. Дар оянда қарор аст, ки муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон дар низоми сифатан нав ҳамкориро густариш диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо азму талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Туркманистон шарики стратегӣ буда, дарин замина дар соҳаҳои гуногун ҳамкории густурда барқарор намудаанд. Маҳз дӯстиву бародарии роҳбарони ин ду мамлакат аст, ки робитаҳои давомдор ва ҳамкории мутақобилан судманд дар низоми давлатдории ду мамлакат мустаҳкаму устувор гардидаанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 5, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад