Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони самтҳои афзалиятноки ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва президенти Академияи илми Узбекистон Беҳзод Юлдошев сухан гуфтанд.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Ҳолат ва дурнамои ҳамкории академии Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ», «Таҳқиқоти илмӣ дар Академиям илмҳои Узбекистон», «Ҳамкории илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ- намунаи беназир дар равобити Тоҷикистон ва Узбекистон», «Ҳамкории олимони узбек ва тоҷик дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ», «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бостоншиносӣ дастовардҳои нав ба даст овард», «Дурнамои ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон», «Муносибатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон», Мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ дар таҳқиқоти олимони узбеку тоҷик» аз ҷониби олимони академияҳои Тоҷикистон ва Узбекистон маърузаҳо пешниҳод шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






