Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сзи Шумин мулоқот намуд. Дар вохӯрии мазкур масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлат дар самти татбиқи марҳилаи дуюми низоми автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар» ибрози андеша намуданд.
Мусоҳибон дар ҷараёни вохӯрӣ мактубҳои мубодилавии вобаста ба татбиқи марҳилаи дуюми низоми автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар»-ро имзо карданд.
Дар мулоқоти мазкур тарафҳо ҳамчунин ҷиҳати густариш додани мубодилаи иттилоот, таҷриба ва ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд






