Дар Душанбе масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Вэйдун мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳокима гардиданд.
Инчунин дар Душанбе мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сун Вэйдун баргузор гардид.
Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии ҳамаҷониба, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин дурнамои робитаҳо дар ҳошияи механизми навтаъсиси “Осиёи Марказӣ-Чин” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни нишаст доир ба таҳкиму тавсеаи талошҳои муштарак баҳри мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм табодули назар анҷом дода шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






