Дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ оғоз гардид

Апрель 16, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе намоиш — фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ оғоз гардид. Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба намоиш-фурӯш гузошта шуд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, аз 16 то 18 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» намоиш –фурӯши чакан доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» бо иштироки меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат 18-19 апрел озмуну фестивали ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Сад ранги чакан» -ро ҷамъбаст менамояд.

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ 18 апрел, соати 08:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»- и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир мегардад.

Ҳамзамон 19 апрел, соати 18:00 дар Маҷмааи фарҳангии «Аҳорун» (Амфитеатр) даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд