Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар фестивали баҳорӣ дар Штутгарт (замини федералии Баден-Вюртемберг)-и Олмон беш аз 720 ҳолати сироят аз вирус ошкор карда шуд. Тавре ки дар изҳороти мақомоти маҳаллӣ гуфта шудааст, дар панҷ меҳмон мавҷудияти норовирус тасдиқ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
«Ба ҳолати соати 16:20-и рӯзи панҷшанбе шумораи муайяни беморӣ ба 727 ҳолат расид, ки аз он 5 ҳолати норовирус дар айни замон бо ташхиси озмоишгоҳӣ тасдиқ шудааст», — гуфта мешавад дар хабар.
Дар аввал гумон карда мешуд, ки манбаи сироят ягон намуди хӯрок дар яке аз хаймаҳо барои меҳмонони фестивал бошад. Аммо маъмурияти шаҳр иброз намуд, ки намунаҳои ғизои аз ин хайма гирифташуда ба норовирус натиҷаи манфӣ нишон доданд.
Фестивали баҳорӣ дар Штутгарт имсол аз 20 апрел то 12 май баргузор мешавад. Аввалин ҳолатҳои беморӣ охири ҳафтаи гузашта ошкор карда шуданд.
Норовирус – як намуди сирояти маъмулӣ буда, сабаби асосии он гастроэнтерит, яъне бемориҳои илтиҳобии меъда ва рӯда мебошанд. Ба нишонаҳои он қайкунӣ, дарунравӣ, дилбеҳузурӣ, табларза, сустӣ, дарди сар ва мушакҳо дохил мешаванд. Одатан нишонаҳо пас аз 12 — 48 соати сироятшавӣ маълум гашта, пас аз ду-се рӯз аз байн мераванд. Ин вирус гузаранда буда, метавонад хосиятҳои сироятиро дар сатҳҳои гуногун ба муддати дароз нигоҳ дорад. Роҳҳои асосии интиқоли норовирус — ғизо, об ва алоқаи маишӣ мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






