Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд, ки дар он масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута ва фаъолон иштирок доштанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз, ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дар давраи соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 марти имсол таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон имрӯз ба сифати ҷумҳурии пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад. Ҳар яки мо дар назди наслҳои имрӯзу оянда вазифадор ҳастем, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, то рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд».
Баромадкунандагон дар заминаи таҳлилу баррасиҳо сабабҳои асосии ҳамроҳшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав паст будани сатҳи маърифатнокӣ, таълиму тарбия, носолимии оила, мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.
Дар идома фаъолияти мақомоти прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар давраи соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ шуд. Таъкид шуд, ки аз ҷониби роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар ҷамоатҳои деҳоту маҳаллаҳо, масҷидҳо, корхонаву ташкилоти шаҳри Кӯлоб бо аҳолӣ барои пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм, инчунин хурофотпарастию рафтори ношостаи бархе ҷавонон суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






