Дар кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
КӮЛОБ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб маъракаи кишти пунбадона оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Қосим Роҳбари Ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб, мутахассисон ва хоҷагидорону пахтакорони шаҳр рӯзи кушодаи саҳроӣ ташкил карда шуд, ки дар он мутахассисон ва кишоварзону хоҷагидорон бобати роҳу усулҳои манфиатовари кишт- шуруъ аз омода намудани замин, интихоби тухмиҳои серҳосилу ба иқлими минтақа мувофиқ ва бо истифодаи техникаҳои мавҷуда дар муҳлатҳои мусоид анҷом додани кишту марҳилаҳои баъдии парвариши он маслиҳатҳои муфид доданд. Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, пахтакорони ҳудуди шаҳри Кӯлоб давоми чанд соли охир бо тавсияи олимони соҳа ва бо дастрасии техникаҳои муосири пахтакорӣ дар ин самт ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил мешаванд.
Кооперативи тиҷоратии ба номи Қосим Роҳбари Ҷамоати деҳоти Кӯлоб дорои 89 гектар замин буда, дар баробари кишти дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар беш аз 40 гектар замин пунбадона кишт мешавад.
Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар шаҳри Кӯлоб ширкати пахтаи Кӯлоб таъсис дода шуд. Заминҳои ширкат 1900 гектарро дар бар гирифта, масъулин нақша доранд, ки имсол дар 1150 гектари он кишти навъҳои пунбадонаи лотос, бухоро ва дигар навъи ба иқлими минтақа мувофиқ кишт намоянд.
Роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз мутахассисону масъулон даъват намуд, ки барои дар сатҳи баланд ва бо сифат анҷом додани кишти имсола тамоми чораҳои агротехникиро бо ҷалби олимони соҳа дида, ҳосили фаровон ба даст оранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб










Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






