Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи ҳайати мушовара барои ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Рустам Холматиён оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024, ҳамчунин директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ», сардори шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон ва мудири бахши рушди сайёҳии шаҳри Ҳисор оид ба корҳои анҷомдода маъруза намуданд.
Ҳамзамон дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара масъалаҳои гурӯҳҳои кории доимамалкунанда дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дуруст амалӣ намудани фаъолияти онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби раиси кумита ба роҳбарони воҳидҳои сохтории марказӣ ва маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






