Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид
РАШТ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти имсол доир гардид, ҳайати Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати ноҳияи Рашт вохӯрии судманд баргузор намуд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Мақсади асосии ҷамъомад аз амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динӣ, дастурҳои роҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии ятимону бепарасторон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ, риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ иборат буд.
Иброз гардид, ки Сарвари давлат дар суханронияшон масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз баррасии дурусту мувофиқи онҳо тақдири имрӯзу ояндаи миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо вобастагии амиқ дорад.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳдидовари фазои динии мамлакат, ифротгароӣ ва терроризми динӣ, таълими ғайриқонунии динӣ, хурофот, таассуби динӣ, рафтори ғайриахлоқии муллоҳои фолбину ҷодугар, зиёдаравӣ дар риояи маросими ҳаҷ ва умра, бегонапарастии фарҳангию эътиқодӣ, муносибати нодуруст бо қонунҳои миллӣ ва дуршавӣ аз мазҳаби аҷдодии Имоми Аъзам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Иштирокчиёни ҷамъомад иброз доштанд, ки мо вазифадорем фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба исрофкорӣ роҳ надиҳем, онҳоро соҳиби касбҳои гуногун карда, барои шукуфоии Ватан содиқона хизмат намоем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






