Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳамватанони кишвари иқомат таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода чорабиниро бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, оид ба таърих, анъана ва аҳамияти Наврӯз ҳамчун ҷашни аҷдодӣ сухан гуфт.
Дар ҷараёни ҳамоиш дастархони миллӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва рамзҳои наврӯзӣ – “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” пешкаши ҳозирин гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейстария













Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






