Дар шаҳри Ҳисор даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст шуд

Апрель 1, 2024 12:50

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии  «Сад ранги чакан», ки бо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ва тарғиби либоси миллӣ доир мешавад, ҷамъбаст гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар даври ҷамъбастии он гулдухтарони атласу адрас ва чаканпӯш аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат гирди ҳам омада, намунаҳои либосҳои  миллиро, ки тарроҳону чеварони маҳаллӣ омода намудаанд, ба намоиш гузоштанд.

Ба иттилои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор Савриямоҳ Каримова, даври аввали озмун ҷамъбаст гардида, ҷойи якумро Дилбар Фатоева аз деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, зинаи дуюмро  Фароғат Назарова аз деҳоти Сомон ва ҷойи сеюмро Гулнисо Абдуллоева аз деҳоти Навобод соҳиб шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 1, 2024 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад