Дар шаҳри Ҳисор даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ва тарғиби либоси миллӣ доир мешавад, ҷамъбаст гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар даври ҷамъбастии он гулдухтарони атласу адрас ва чаканпӯш аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат гирди ҳам омада, намунаҳои либосҳои миллиро, ки тарроҳону чеварони маҳаллӣ омода намудаанд, ба намоиш гузоштанд.
Ба иттилои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор Савриямоҳ Каримова, даври аввали озмун ҷамъбаст гардида, ҷойи якумро Дилбар Фатоева аз деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, зинаи дуюмро Фароғат Назарова аз деҳоти Сомон ва ҷойи сеюмро Гулнисо Абдуллоева аз деҳоти Навобод соҳиб шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






