Дар шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд

Апрель 8, 2024 18:07

КӮЛОБ, 08.04.2024 /АМИТ  «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ободу зебо намудани шаҳр ва фароҳам овардани ҳолати санитарию гигиенӣ бо иштироки зиёда аз 100  омӯзгору донишҷӯ ва кормандони қисми хоҷагидорӣ ҳашари тозагӣ гузаронида шуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад, дар ҳашари умумӣ синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, даҳлезҳо, хобгоҳи донишҷӯён ва ду канори шоҳроҳи асосии назди муассиса тоза карда шуд. Як қисми кормандони хоҷагӣ ва омӯзгорон дар атрофи муассиса ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ шинониданд.

Чунин корҳои ободонӣ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани дохил ва атрофи муассиса ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе фориғ аз дарсҳо гузаронида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2024 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад