Дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди зардолу бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд корхонаи коркарди зардолу бунёд мегардад. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, дар он то 50 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳо дар ин корхонаи навбунёд шинос шуда, ба масъулин барои воридсозии таҷҳизоти замонавӣ, обод намудани саҳн ва атрофи корхона ва банду басти аълосифати маҳсулоти истеҳсолшаванда тавсияҳои муфид дод. Номбурда иброз дошт, ки корхонаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълони Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ҷумҳурӣ бунёд гардида, ба таври таҷрибавӣ маҳсулот ба ИМА ва Олмон содирот карда шуда, барои фурӯши маҳсулот бозори хуб мавҷуд аст.
Таъкид гардид, ки барои пурра омода намудани корхона бояд аз таҷрибаи корхонаҳои коркарди зардолуи шаҳри Исфара, аз ҷумла «Исфара фуд» истифода бурда шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 64 ҳазор гектар боғоти зардолу бунёд гардидааст, ки 50 ҳазор гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд. Шароиту иқлими минтақаҳои Тоҷикистон ба парвариши зардолу мутобиқ аст. Зардолу аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва ғизоию табобатӣ дорад. Таркиби бойи кимиёвии меваю донаки зардолу сабаб шудааст, ки он ҳамчун ғизои парҳезӣ эътироф гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






