Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо Донишкадаи омӯзгории Узбекистон ва Финландия ҳамкориро густариш медиҳад

Апрель 27, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 27.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи омӯзгории Узбекистон ва Финландия созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Санади муҳими ҳамкорӣ аз тарафи ректорони ду донишгоҳ ба таври маҷозӣ имзо гардид. Ин ҳуҷҷат ба донишҷӯёну олимони муассисаҳо дар самти ҳамкории илмӣ ва пешрафти омӯзиши мутақобила, мусоидат ба ташрифи ҳайати омӯзгорон аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар бо мақсади иштирок дар соҳаҳои таҳқиқотии мувофиқашуда, мубодилаи маълумот ва нашри мавод дар нашрияҳои даврии илмӣ имконияти хуб медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар айни замон бо 119 муассисаи олии касбии хориҷи мамлакат ҳамкорӣ дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Апрель 27, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид