Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон, аз ҷумла, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Узбекистон, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии «Шоҳроҳи Абрешим» ва Филиали Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) дар Тошканд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин созишномаҳо зимни баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хабар доданд.
Созишномаҳои мазкур амалишавии ҳамкории байналмилалии донишкадаро ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи навтарини таълимиву илмӣ ва эҷодии байналмилалӣ, ташкили табодули таълимиву академии донишҷӯён ва омӯзгорон дар хориҷи мамлакат, таҳия ва баргузории чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ, ба монанди конференсияву семинарҳои илмӣ ва озмуну фестивалҳои эҷодӣ фарогир мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 15-16 апрели соли равон дар шаҳри Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид. Дар қатори роҳбарони муассисаҳои олӣ Ректори донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, профессор Муҳриддин Низомӣ дар бахши сеюми кори форум дар мавзуи «Робитаҳои дӯстона – омили стратегии рушди ҳамкории таълимӣ ва фарҳангӣ» маъруза пешниҳод намуда, баҳри рушди ҳамкории байналмилалии муштарак чандин тавсияҳову пешниҳодҳои муфидро иброз дошт.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






