«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон

Апрель 18, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба  Тоҷикистон дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар кори он беш аз 500 нафар намояндагони доираҳои  соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори форум ҳайати баландпояи Тоҷикистон ва Узбекистон, намояндагон аз вазорату идораҳо ва кумитаю сохторҳои марбутаи ҳар ду давлат иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоҳи он  таъкид гардид, ки имрӯз дар доираи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо саъю талошҳои  Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории дуҷониба дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар бахши тиҷорату сармоягузорӣ ва иқтисод тақвият меёбад.

Гуфта шуд,  ки  солҳои охир  гардиши мол байни ду давлат  беш аз пеш афзоиш ёфта,  Узбекистон яке аз шарикони стратегии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Тули панҷ соли охир  Узбекистон дар панҷгонаи аввали шарикони тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифта,  ҳаҷми табодули савдо аз натиҷаҳои соли 2023 аз 500 миллион то ба 600 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Дар ҳоли ҳозир,  дар ҳудуди ду давлат беш аз 370 корхонаи муштарак фаъолият мекунад, гарчанде дар соли 2017 шумораи онҳо ҳамагӣ 17 ададро ташкил медод.

Сарони давлатҳо вазифа гузоштаанд, ки гардиши мол байни ду мамлакат  дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида шавад. Дар маҷмуъ,  аз соли 2018 байни ду ҷумҳурӣ  зиёда аз 150 санади байнидавлатӣ, байниидоравӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расидааст, ки бозгӯи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.

Таъкид гардид, ки байни ду давлат дар самти  таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ  имкониятҳои  мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ва Узбекистон дар оянда имкон доранд, ки дар соҳаҳои асосии афзалиятнок, аз ҷумла, саноат — металлургия, истихроҷи маъдан ва коркарди он, рушди истифодаи нерӯи шамол ва офтобӣ, гидроэнергетика, мошинсозӣ ва истеҳсоли маҳсулоти барқӣ, кишоварзӣ ва саноати сабук ҳамкориро тақвият бахшанд.

Иброз гардид, ки баргузории Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба дар самти сармоягузорию тиҷоратӣ такони ҷиддӣ бахшида, густариши ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон боқӣ хоҳанд монд.

Дар ҷамъбасти форум маҷмӯи санадҳо оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаҳо ва самтҳои гуногун ба имзо расиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 18, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо MCDF баррасӣ шуд
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкории гумрукиро густариш медиҳанд
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд