Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»- и пойтахт бо иштироки меҳмонони сатҳи баланд- ҳайати занони Ҷумҳурии Узбекистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар.
Нахуст муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон ва намояндагони дигар вазорату кумита, муассисаҳои ҷумҳурӣ бо маҳсули дасти кадбонуҳои соҳибзавқи пойтахт, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос шуданд.
Иштирокдорон ба дастархони орододаи довталабони озмун, ки яке аз дигаре ҷолибтар ба назар мерасид, баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки ин озмун бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороии занону духтарони мамлакат гузаронида мешавад.
Меҳмонон иброз доштанд, ки занону духтарони тоҷику узбек дар кадбонугӣ ҳам ба якдигар монандии зиёд дошта, ҳатто хӯрокҳои миллии мо аз якдигар фарқи хеле кам доранд.
Сипас маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид. Ғолибону фаъолони озмуни мазкур мукофотҳои арзишманд ҳавасманд гардонида шуданд, ки тафсилоти бештари онро манзур менамоем.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» бо иштироки меҳмонони сатҳи баланди дохилу хориҷи мамлакат 18-19 апрел озмуну фестивали ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Сад ранги чакан» -ро ҷамъбаст менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки 19 апрел, соати 18:00 дар Маҷмааи фарҳангии «Аҳорун» (Амфитеатр) даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 18 апрел дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар майдони «800- солагии Москва»- и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»























Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






