ИМРӮЗ- ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ. Нақши устод Айнӣ дар фарҳангнигории тоҷикӣ беназир аст
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) 146 сол пур мешавад. Устод Айнӣ дар баробари дигар хидматҳои мондагораш дар таърихи забону адаб ва илму фарҳанг, ҳамчунин аз устодони бузурги мактаби илмию амалии фарҳангнигорӣ ва луғатнависии тоҷикӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин дар зер андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон зери унвони «Устод Айнӣ ва фарҳангнигории тоҷикӣ» манзур мегарданд.
— Фарҳангнигорӣ, яъне тартиб додани фарҳангу луғат ба хотири гирдоварӣ ва маҳфуз доштани вожаву калимаҳо, ки сарвату дороии забон ва миллат ба ҳисоб мераванд, дар забони модарии мо собиқаи дерин дорад. Мегӯянд, ки Абуҳафси Суғдии Самарқандӣ аз нахустин фарҳангнигорони забони модарии мо буд, ки фарҳангаш то айёми мо нарасидааст. Баъзе муаррихону муҳаққиқон навиштаанд, ки устод Рӯдакӣ ҳам муаллифи фарҳанг ба забони модарии мо аст. Мутаассифона, фарҳанги таълифкардаи ӯ ҳам ба мисли аксари дигар осораш аз байн рафтааст. Куҳантарин фарҳанг, ки то имрӯз боқӣ мондааст, «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ (1005/10-1074) мебошад, ки дар вай асосан вожаву калимаҳои нодири забони гузаштагони мо – аҳли Хуросону Фарорӯд бо овардани шоҳиди луғавӣ ғолибан аз ашъори устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ шарҳу тавзеҳ гардидаанд. Дар асрҳои миёна фарҳангнигории тоҷикӣ рушду густариши бештар пайдо кард ва баъдан дар Ҳиндустон, дар намунаи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» (1608), «Бурҳони қотеъ» (1652), «Ғиёс-ул-луғот» (1827) ва фарҳангу луғатҳои дигар ба авҷи худ расид.
Шуруъ ва рушди фарҳангнигории тоҷикӣ дар садаи бист бо номи устод Айнӣ алоқаманд мебошад. Садриддин Айнӣ ба сифати яке аз бунёдгузорони мактаби имрӯзаи фарҳангнигории тоҷикӣ ҳам дар таълифу тадвини фарҳангҳои дузабона ва ҳам фарҳангҳои тафсирӣ саҳми сазовор дорад.
Нахустин фарҳанги дузабонаи нисбатан мукаммали русӣ ба тоҷикӣ китоби «Полный русско-таджикский словарь» («Луғати мукаммали русӣ-тоҷикӣ») аст, ки зери назари устод Айнӣ дар ду ҷилд таҳия ва солҳои 1933-1934 ба нашр расид. Баъдтар, мутаассифона, ин китоб ҳам чун китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) бо кадом як «ҷурми сиёсӣ» аз дӯкону китобфурӯшиҳо бозпас гирифта шуд ва ба коми оташ рафт. Эҳтимол «ҷурми сиёсӣ»-и китоби мазкур бастагӣ ба ин дошт, ки дар он дар баробари истилоҳоти русии сиёсии давр ғолибан истилоҳоти тоҷикӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд.
Яке аз шогирдони устод Айнӣ Раҳим Ҳошим, ки дар ҳайати тартибдиҳандагони ин фарҳанг иштирок дошт, дар робита ба таҳияи он ёдовар мешавад, ки ибтидои соли 1929 Комиссариати маориф ва Нашриёти давлатии Тоҷикистон бо назардошти ниёзи мардум ба луғати русӣ-тоҷикӣ ва тартиб додани он гурӯҳеро дар Самарқанд зери роҳбарии устод Айнӣ вазифадор кард. Ба қавли Раҳим Ҳошим, ин луғат «ҳарчанд ки чоп шудан ҳамоно ҷавонмарг гардид ва дар ҳаққаш маломатҳои зиёде карда шуд… аз ҷиҳати ёфта мондани калимаҳои муодил, калимаҳои муродифи тоҷикӣ, аввалин бор ба кор даровардани баъзе истилоҳҳо, истеъмоли баъзе шаклҳои дар он вақт ҳанӯз камистеъмолу номаъмули грамматикӣ дар он луғат хеле кор карда шуда буд, ки ин асосан дар натиҷаи иштироки бевоситаи Айнӣ ва меҳнати хеле дилсӯзонаи вай… муяссар гардида буд».
Раҳим Ҳошим дар баробари луғатдонӣ ва луғатшиносии Айнӣ ба муносибат ва масъулиятшиносии баланди ӯ дар фарҳангнигорӣ баҳои баланд ва сазовор додааст. Вай таъкид бар он дорад, ки «дар аснои кор дар болои ин луғат ба вуқуфи Айнӣ ба сарвати хеле бузурги забони адабӣ ва халқии тоҷик, ба дониши вай, ба нозукиҳои забони мо, ба диққати вай дар ҷустуҷӯ ва истеъмоли калимаҳои ҷудогона, на фақат ба луғатдонӣ, балки ба луғатшиносии вай, ба хӯрдагириҳои вай дар ҷумлабандиҳо, ба эҳтиёткории вай дар истеъмоли калимаҳои нави номаълум, ба ғамхорӣ ва дилсӯзии вай ба забони адабии мо, ба масъулият ҳис кардани вай дар аснои навиштани ин ё он калима, ба сахтгирӣ ва интизомдӯстии вай боварии комил ҳосил кардам».
Раҳим Ҳошим ҳамчунин ёдовар мешавад, ки устод Айнӣ ҳангоми тартиб додани калимаҳои ҷудогонаи луғат ҳарчанд «ҳофизаи хеле зӯре дошт, луғати бисёреро бо тамоми ҷузъиёташ аз ёд медонист, вале бе санҷиш, бе дидани луғат, бе он ки тарафҳои гуногуни он калимаро як бори дигар тафтиш ва мулоҳиза кунад, ба навишта шудани он рухсат намедод».
Ҳарчанд аксари нусхаҳои фарҳанги дуҷилдаи «Луғати мукаммали русӣ-тоҷикӣ», ки бо раҳнамоии устод Айнӣ таҳия ва ба нашр расида буд, бо амри зимомдорони давр нобуд карда шуданд, вале асосан равиши илмии имрӯзаи фарҳангнигории дузабона метавон гуфт, маҳз тавассути ҳамин фарҳанг пайрезӣ шудааст, ки аз тарафи фарҳангнигорони баъдӣ мавриди истифодаву истиқбол ва такмилу таҷдид қарор гирифт. Устод Айнӣ бо вуҷуди ба коми оташ рафтани ин фарҳанг ҳам ба фаъолияти фарҳангнигории дузабонаи худ идома бахшид ва хидмати ӯ дар таҳрири «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1940) шоиста арзёбӣ мешавад.
Хидмати бузурги устод Айнӣ дар тартиб додани фарҳангҳои тафсирӣ таҳияи «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» мебошад. Вай моҳи июли соли 1938 таҳияи ин фарҳангро ба итмом расонд, ки нусхаи асли он дар он рӯзгори сахти таъқибу террор зоҳиран аз миён рафт.
Устод Айнӣ дар як номаи худ ба директори Нашриёти давлатии Тоҷикистон Тоҳир Пӯлодов, ки 2 августи соли 1938 навиштааст, хабар медиҳад, ки «кори асосии луғат 1 июли ҳамин сол тамом шуд, ҳамагӣ 629 саҳифа (бо саҳифаҳои иловагӣ), тақрибан 11 400 луғат ҷамъ гардид…». Чунонки аз номаи худи устод ҳам ба мушоҳида мерасад, ин фарҳанг аз 629 саҳифаи дастнависи устод бо хатти ниёкон иборат будааст. Агар хатти резаи устодро бо алифбои ниёкон ба назар гирем, пас маълум мегардад, ки ин фарҳанг ҳаҷми хеле бузург доштааст, ки мутаассифона, ҳамаи он то ба айёми мо нарасидааст.
Донишманди маъруфи рус Евгений Бертелс (1890-1957), ки ин фарҳанг барои таҳрир ба вай, ба Ленинград, ирсол мешавад, бо талабу тақозои он давр дар як номаи худ аз устод хоҳиш мекунад, ки ба фарҳанг «калимаҳои советӣ ва интернатсионалӣ» ворид карда шаванд. Вале устод Айнӣ ин дархостро намепазирад ва фарҳанг ба нашр намерасад. Танҳо соли 1976 бо саъю эҳтимоми Камол Айнӣ ва Ҳафиз Рауфов дар заминаи нусхаи дувум ва дигар баъзе мусаввадаҳои устод ин фарҳанг барқарор ва ба сифати ҷилди 12 Куллиёти устод Айнӣ ба нашр расонида шуд.
Ба назар чунин мерасад, ки мусаввадаи «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Айнӣ ҳангоми таҳияи луғатномаи муътамади имрӯзаи мо – «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) зери дасти таҳиягарону муҳаррирони он қарор доштааст ва аз он истифодаи босамар ба амал омадааст.
Аз баррасии муҳтавои фарҳангҳои номбурда ва ёддошту хотираҳои шогирдону пайравони устод, бахусус Раҳим Ҳошим дар робита ба фарҳангнигории устод Айнӣ ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки устод дар ин замина фарҳанги хос ва шеваи ибратомӯзи муносибат доштааст, ки дар маҷмуъ чунин хулоса мешавад:
1. Дар сатҳи олӣ донистани забони адабӣ ва вижагиҳои дастурию овоии он.
2.Таваҷҷуҳи пайваста ба нозукиҳои ҳар калима, ба тобишҳои гуногуни маъноии он, ба мавқеи истифодаву истеъмоли он дар забони адабӣ ва халқ.
3.Камоли масъулият ва сахтгирӣ ҳангоми навиштани ин ё он калима ва шарҳи он дар фарҳанг.
4.Ғамхорӣ ва дилсӯзии беандоза ба забони адабӣ ва эҳтиёткорӣ дар истеъмоли калимаҳои нави номафҳум, аз ҷумла калимаҳои аз забонҳои дигар иқтибосшуда.
5.Дар фарҳангҳои тафсирӣ дар баробари моддаи луғавӣ ё калидвожа, яъне калимаи мавриди шарҳ овардани шарҳи кӯтоҳу муҷаз ва аз рӯйи имкон шоҳиди луғавии назму наср ба он.
6.Пеш аз ворид кардани калима ба фарҳанг чанд бор мавриди санҷишу тафтиш қарор додани он, аз ҷумла дар муқоиса бо фарҳангҳои қаблӣ, агар ин калима дар фарҳангҳои дигар мавҷуд бошад.
Чунин муносибати писандидаву ибратомӯзи устод Айнӣ, яъне камоли масъулият дар интихоби вожаву калима ва дар заминаи фарҳангҳои дигар мавриди санҷишу тафтиши пайваста қарор додани калимаву вожаҳое, ки ба фарҳанг ворид карда мешаванд, мақбултарин шеваи фарҳангнигорӣ мебошад ва имрӯз низ зарур аст сармашқи фаъолияти фарҳангнигорону луғатнависони муосир қарор бигирад.
АКС аз манбаъҳои боз