Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт

Август 14, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 1045-солагии олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш иштирокдорон роҷеъ ба саҳми бузурги мутафаккири барҷаста Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккулёбӣ ва рушди мероси илмию адабии халқи тоҷик ибрози назар карда, аҳамияти андеша ва нақши илҳомбахши Абуалӣ ибни Синоро барои наслҳои оянда таъкид намуданд.

Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 адад осори таърихию фарҳангие, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба монанди асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ, ҳотамкорӣ, рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Имрӯз дар ҷаҳон Абуалӣ ибни Сино аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Аз рӯйи таҳқиқи донишмандон шумораи асарҳои Сино ба 456 адад мерасад, ки онҳо дар мавзуъҳои фалсафа, тиб, ҳикмат, мантиқ, ахлоқ, забону адабиёт ва санъат эҷод шудаанд. Аз ҷумла, 23 асари мутафаккири бузург бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ офарида шудааст.

Намоиши «Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 1 сентябр идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Август 14, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд