Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти вилояти Хатлон дар деҳаи Элтии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Бегиҷон» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Бегиҷон» Раҳимҷон Мусоев иттилоъ дод, ки масоҳати хоҷагӣ 5,85 гектар буда, дар 4 гектар пиёзи барвақтӣ кишт шуда, ҳоло барои ҷамъоварӣ омода мебошад. Дар 1,85 гектар қитъаи замини хоҷагӣ бунёди боғ бо дарахтони зардолу, шафтолу, олу ва гелос ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон бо истифода аз боду ҳаво ҳар қитъа замини корами обӣ мақсаднок истифода гашта, дар баробари рӯёнидани ҳосили фаровони меваю сабзавоти барвақтӣ деҳқонон аллакай ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намудаанд.
Раиси хоҷагӣ гуфт, ки аз як гектар то 60 тонна пиёз ҳосил мерӯёнанд.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Бегиҷон» ба кори кишоварзон баҳои баланд дода, саҳмдоронро ба истифодаи боз ҳам пурсамари ҳар порча замин ҳидоят намуд.
Бояд гуфт, ки хоҷагидорон ҳамасола ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, ки дар бозори дохилӣ ва минтақа талабот ба онҳо зиёд мебошад, инчунин ба масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистон эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт






