МАОРИФ-СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК. Дар ноҳияи Ванҷ ин соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт

Апрель 29, 2024 14:02

ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти Язгулом фаъолияти соҳаи маориф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус ноҳияи Ванҷ таҳлилу баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатдорӣ шуморида, пайваста барои баланд бардоштани сифати таҳсил, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ тадбир меандешанд. Ин аст, ки имрӯз соҳаи маориф бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ба дастовардҳои баланд ноил мегардад.

Таъкид гардид, ки маҳз дар асоси сиёсати оқилонаю дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилоят дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои беназир ноил гардид. Бахусус дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 209 муассисаи таълимӣ ба маблағи 376 миллион сомонӣ бунёд гардида, кор дар ин самт идома дорад. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди зиёда аз 30 муассисаи таълимӣ идома дошта, то охири сол 20 муассиса ба истифода дода мешавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 39 ҳазор нафар ҷавонони вилоят муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла 3200 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакатро хатм намуданд.

Дар ноҳияи Ванҷ дар замони соҳибистиқлолӣ 28 муассисаи таълимӣ, як муассисаи томактабӣ ва ду бинои маъмурии соҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳоло аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ раванди сохтмон дар 9 муассисаи таълимӣ ва як маркази рушди барвақтии кӯдак бо маром идома дорад.

53 хонанда аз Ҷамоати деҳоти Язгулом ба Муасисаи давлатии Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ интиқол дода шуда, ҳоло ин хонандагон дар олимпиада ва озмунҳо иштирок доранд. Чунин иқдом дар соли таҳсили оянда низ амалӣ мешавад.

Илова бар ин, бо мақсади ҳалли мушкилоти норасоии омӯзгорон даҳ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо роҳхати Вазорати маориф ва илми мамлакат ба ин ҷамоати деҳот ҷалб карда шуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра кормандони фаъоли соҳаи маориф ва омӯзгорони вилоят бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки ба Ҷамоати деҳоти Язгулом ҷалб карда шудаанд, бо «Сипоснома»-и Раиси вилоят қадрдонӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 29, 2024 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад