Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гузаштаро набояд фаромӯш кард. Калонсолон нағз дар ёд доранд, ки то даврони соҳибистиқлолӣ барои адои заруриятҳои динӣ имкон ва иҷозат набуд. Дар мамлакат ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ ва 15 калисо, фаъолият дошт. Мардум пинҳонӣ адои намоз менамуданд. На ҳар кас ба ҳаҷи фарзӣ ва ё умра рафта метавонист, вале бо вуҷуди чунин маҳдудият дар он замон на ифротӣ буду на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ. Ҳоло дар ҷумҳурӣ миқдори масҷидҳо зиёда аз чор ҳазор адад буда, ба 2000 нафар як масҷид рост меояд. Чунин изҳор намудааст узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар ҳошияи мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ, ки 9 марти соли равон доир гардид.
Мурод Шукурзода афзуд, ки «айни замон дар ҷумҳурӣ 250 000 нафар ҳаҷи фарзӣ ва зиёда 400 000 нафар умраро адо намудаанд. Танҳо дар соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони мо маросими ҳаҷ ва умраро адо намудаанд, ки маблағи сарфшуда 1 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ бо ин мақсад 12 миллиард сомонии аҳолӣ сарф гардидааст. Ҳол он ки айни ҳол дар 80 мамлакати ҷаҳон мардум аз норасоии маҳсулоти хӯрокворӣ азоб мекашанд ва мо бояд ба ҷои ин хароҷотҳои беҳуда баҳри таъмини зиндагии хуб диққат дода, ақаллан барои ду соли оянда захираи маҳсулоти хӯрокворӣ дошта бошем».
Номбурда ёдовар шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем, иқтидори мудофиавии мамлакат афзуд, сулҳу ваҳдат таҳким ва сатҳи зиндагонӣ баланд гардид, камбизоатӣ хеле коҳиш ёфт, нуфузи сиёсии давлат баланд шуд, Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ гардида, дар ин самт панҷ пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон вобаста ба обу иқлим аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ин муддат, ба хотири эҳтиром ба дини мубини Ислом Қуръони каримро се маротиба ба забони тоҷикӣ чоп ва ба аҳолӣ дастрас намудем. Дар баробари ин, ба хотири тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, донистани таърихи миллат, фарҳанги бою ғании миллӣ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бознашр ва дастраси аҳолии мамлакат гардид. Ҳамаи ин ташаббускориҳо ва иқдомҳои муҳим аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба мардуми ҷумҳурӣ буда, аз мо, шаҳрвандон, сипосмандӣ ва эҳтиром ба ин хоку сарзаминро талаб менамояд.
«Баҳри амалӣ намудани ниёзҳои исломӣ дар ҷумҳурӣ Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ ва Донишкадаи давлатии исломӣ фаъолият мекунанд, вале, мутаассифона, дар бисёр маврид аҳолӣ рӯзҳои вазнини солҳои 90-уми асри XX-ро фаромӯш мекунанд. Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда, тӯйҳои исломӣ ва арӯсию домодии миёншикан, хурофотпарастӣ, хароҷоти маросими таъзия ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ расондааст. Бинобар ин, ба хотири дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ, бартараф намудани исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда дар тӯю маъракаҳо ва дигар маросим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бараи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба танзим медарорад», -ёдовар шуд ӯ.
Ба таъкиди раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, давлати мо давлати адолатпарвар аст. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 17 маротиба қонуни авф ба тасвиб расида, зиёда аз 170 ҳазор нафар маҳбус аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҷазо озод гардиданд. Бинобар пушаймонӣ аз кирдори худ нисбати 1640 нафар аз хориҷи мамлакат ба Ватан баргаштагон парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ карда шуд.
«Оё ҳамаи ин аз баракати соҳибихтиёрии давлат нест? Оё ҳамаи ин ғамхорӣ дар ҳаққи мусулмонони мамлакат нест? Оё ҳамаи ин пешравиҳо ва ғамхориҳо қобили дастгирӣ ва эҳтиром нест? Вале боиси таассуф ва нигаронии ҷиддист, ки бар ивази ин қадар ғамхорию дастгириҳо таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастию зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта дар ҷомеаи имрӯза рӯз ба рӯз густариш ёфта истодааст»,- мегӯяд мавсуф бо изҳори нигаронӣ.
Мурод Шукурзода таъкид намуд, ки ҳоло Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дорад. Марҳилаи амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар давоми 33 соли истиқолият аҳолии мамлакат аз 5 ба 10 миллион нафар расида, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот хеле ободу зебо гардиданд. Хурсандибахш он аст, ки ҳоло 70 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд. Саҳми ҷавонон дар таъмини пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ва ободонии мамлакат назаррас аст.
«Мутаассифона, бо ҳамин қадар пешравиҳо фазои ҷомеаи моро як гурӯҳ хоинони миллат ноором кардан мехоҳанд. Мақсади онҳо амалӣ намудани дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон, талқини урфу одатҳои бегона, тарғиби пӯшидани сатру ҳиҷоб, ҷорӣ намудани фарҳанги бегона, ба хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ ҷалб намудани қишри каммаърифати аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, буда боиси афсӯс аст, ки ин гуна амалҳои ношоиста ва нангин аз ҷониби ҳаммиллатони мо ташкил карда мешавад», — хотиррасон шуд ӯ.
Мурод Шукурзода вобастагии рушди ҷомеаи имрӯзаро аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва соҳибкорони муваффақ дониста, ба муносибати 30-юмин солгарди қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024-ро тадбири муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намудааст.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ёдовар шуд, ки ба хотири пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва исрофкорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки дар муддати ду моҳи оянда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро бозбинӣ намуда, барои вайронкунандагони ин ду қонун ҷазоҳои сахттар пешбинӣ карда шавад. Инчунин, ходимони динро даъват намуданд, ки оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар сафи пеш бошанд.
«Мақсад аз ин мулоқот ҳидояти мардум ба роҳи нек, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, хизмат ба Ватан, ҳифзи сулҳу суботи мамлакат ва якпорчагии он, вусъат додани бунёдкорию созандагӣ баҳри ноил шудан ба зиндагии шоиставу пурсаодат буда, барои пешгирии зуҳуроти номатлуб ва талқини шаҳрвандон ҷиҳати расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини пешрафти мамлакат ва амалисозии ормонҳои миллӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб меравад»,- таъкид намуд Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент