Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Президенти Идораи патентии Авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ Григорий Ивлиев баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ихтироот ва фаъолияти ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди сармояи инсонӣ ва имконияти татбиқи ихтироот дар истеҳсолот мубодилаи афкор намуданд.
Ҳоким Холиқзода таъкид намуд, ки масъалаи рушди, илм, инноватсия ва ихтироот дар меҳвари сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин самтҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар навбати худ аз ҷониби Григорий Ивлиев қарорҳо ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди, илм, инноватсия ва ихтироот муҳим ва самарабахш арзёбӣ гардиданд.
Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ якчанд ташаббусро барои рушди минбаъдаи соҳаи ихтироъкорӣ ва умуман моликияти саноатӣ пешниҳод намуд, ки онҳо аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ шуморида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






