Нақшаи даъвати баҳорӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар рӯзи аввал пурра иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба муносибати гусели нахустин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо иштироки масъулини мақомоти давлатӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Зимни суханронии масъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш таъкид гардид, ки маҳз тавассути хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ҷавонон обутоб ёфта, ҳамчун мардони шуҷои Ватан ба камол мерасанд. Дар баробари ин онҳо донишу малакаи сиёсиашонро баланд бардошта, ҳифзи марзу бум ва ҳар қитъа замини Тоҷикистонро барои худ шараф ва ифтихор медонанд.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ҷавонони ноҳияи Вахш ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия омада, иброз намуданд, ки мехоҳанд қарзи шаҳрвандиашонро дар назди давлату миллати тоҷик иҷро намоянд. Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ бамаротиб беҳтар гардидааст. Ҳоло ҷавонон бо илҳоми қавӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, сарбаландона ба назди волидонашон бармегарданд, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар падару модар мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш ҳамчунин дигар иштирокдорон, аз ҷумла даъватшавандагон ва волидони онҳо дар мавзуи хизмат ба Ватан-Модар изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқатмандӣ ба давлату миллат ҳидоят намуданд.
Ба ҷавононе, ки даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим шуд. Ҷавонони боазму иродаи ноҳияи Вахш чун дигар ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихору сарфарозии зиёд ба хизмати Ватан-Модар омода буданашонро баён намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






