Навраси тоҷик дар Фестивали байналмилалии рақс дар Самарқанд ғолиб шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Навраси тоҷик Зебониссо Исмоилова дар Фестивал-озмуни байналмилалии рақс таҳти унвони «Санъати Роҳи Абрешим» («Art Silk Way») ғолиб гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар медиҳад.
Озмун дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар он таълимгирандаи гурӯҳи рақсии ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»- и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Зебониссо Исмоилова иштирок намуд.
Зебониссо Исмоилова аз рӯйи ду номинатсия сазовари ҷойи якум гардид.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






