Низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Туркия сафар менамоянд, аз 20 апрел ҷорӣ мешавад

Апрель 7, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 07.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Низоми раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 20 апрели соли 2024 аз ҷониби Туркия ҷорӣ мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Вазорат  таъкид намуданд, ки ҷониби Ҷумҳурии Туркия 6 апрел ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ расман аз ин тадбир огоҳ намуд.

Аз ин лиҳоз ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки шуруъ аз 20 апрел, пеш аз сафар ба ин кишвар раводид дошта бошанд.     

Қаблан шарҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 7, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд