Олимпиадаи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таълимӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 05.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ» дар шаҳри Душанбе олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таълимии мамлакат оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар олимпиада 1203 хонанда аз фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ иштирок доранд.
Гуфта шуд, ки имрӯз соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол то сол афзоиш меёбад. Дар ин росто барои амалӣ намудани сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, вусъати ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуданд. Хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳораташонро нишон медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиада то 7 апрел идома меёбад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






