Петер Пеллегрини расман ғолиби интихоботи президентӣ дар Словакия эълон гардид

Апрель 8, 2024 15:11

ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси кунунии Шурои миллии Словакия Петер Пеллегрини рӯзи якшанбе расман ғолиби интихоботи президентӣ дар кишвар эълон гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».

Комиссияи давлатии интихоботи Словакия дар нишасти матбуотӣ эълон намуд, ки Петер Пеллегрини рӯзи шанбе дар даври дуюми интихоботи президентӣ 53,12% овоз ва собиқ Вазири корҳои хориҷӣ Иван Корчок 46,87% овозҳоро ба даст оварданд.

Петер Пеллегринии 48-сола аз соли 2018 то 2020 вазифаи сарвазири Словакияро бар дӯш дошт. Иван Корчок аз соли 2020 то 2022 ҳамчун вазири корҳои хориҷии ин давлат фаъолият намудааст.

Дар даври аввали интихобот 23 март, ки дар он нуҳ номзад иштирок намуд, И.Корчок 42,51% овоз ва П. Пеллегрини 37,02% овозҳоро ба даст оварданд.

Президенти Словакия тавассути интихоботи мустақим интихоб мегардад. Президенти амалкунанда Зузана Чапутова, ки мандати панҷсолаи президентии ӯ 15 июн ба охир мерасад, аз пешбарии номзадияш барои интихоби дубора даст кашид.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 8, 2024 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад