Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии «Мусаффо»-ро мавриди истифода қарор доданд

Апрель 9, 2024 11:50

ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Мусаффо”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассиса ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд шудааст.

Муассисаи таълимии томактабии “Мусаффо” аз 2 ошёна иборат буда, барои 120 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Дар муассисаи замонавӣ 30 мураббӣ дар 6 гурӯҳ бо таълиму тарбияи дӯстрӯякон машғуланд.

Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистони “Мусаффо” аз моҳи июни соли 2023 оғоз гардида, дар он беш аз 50 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Иншоот дар муҳлати 9 моҳ бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ сохта шудааст.

Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд.

Зимни боздид мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд ва фароҳам намудани шароиту имконоти замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар саҳни муассиса айвончаҳои фароғатию машғулиятӣ ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардида, чароғҳои замонавии равшанидиҳанда ва гулҳои рангоранг ба ин бинои замонавӣ ҳусни дигар мебахшанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконияти фароҳамомада дастур доданд, ки масъулон бояд дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд, то дар оянда шогирдони онҳо барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.

Дар деҳаи Мусаффои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони “Мусаффо” бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти хониш ҷиҳозонида шудааст.

Шодиву нишоти дӯстрӯякони кӯдакистон ҳадду канор надошт, чун онҳо шахсан аз дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа гирифтанд.

Акнун сокинони деҳаи Мусаффо имкон доранд фарзандонашонро дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбия фаро гиранд.

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ҳамзамон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 1300 метр роҳи дохили деҳа мумфарш гардидааст.

Ифтитоҳи Кӯдакистон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 09.04.2024

Апрель 9, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон