Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои навбунёди Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд

Апрель 10, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.

Қасри фарҳанг дар масоҳати 5 садяк замин бунёд шуда, майдони сохтмони зери бино 1 ҳазору 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иншоот бо фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «КСМ – 2020» бунёд шудааст.

Дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 150 бинокори маҳаллӣ ҷалб гардиданд.

Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он барои ансамблҳои рақсӣ, шашмақомсароён ва гурӯҳҳои эстрадиву фолклорӣ имконияти беҳтарин фароҳам мебошад.

Дар ошёнаи якум толори кушоду барҳавои консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст ва нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз ҳуҷраҳои корӣ ва китобхона иборат аст.

Қасри фарҳанг бо услуби хоси меъмории миллӣ сохта шуда, дохили он бо ҷалби сохтмончиён моҳирона гачкорӣ шудааст, ки диққатҷалбкунанда ба назар мерасад. Намои берунии он ба зебоии шаҳр ҳусни тоза зам намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса равона намуда, барои ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои муҳимро пайваста амалӣ менамояд.

Бинои мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав сохта шуд.

Дар саҳни иншооти соҳаи фарҳанг ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудаанд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 30 номгӯи сози мусиқӣ тақдим намуданд, ки онҳо барои рушди соҳа нақши муҳим мебозанд.

Чунин бинои зебову муҳташам бо ҳуҷраҳои кории муосир орзуи деринаи аҳли фарҳанги шаҳри Истаравшан буд.

Ҳамчун рамзи эҳтиром ва миннатдории самимӣ ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба соҳаи фарҳанг аҳли ҳунари шаҳри Истаравшан дар толори бошукуҳи тозабунёди Қасри фарҳанг барномаи ҷолибу рангин пешниҳод намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, ки таҷассумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату якдилӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, баҳои баланд доданд.
Ифтитоҳи Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан 10.04.2024

Апрель 10, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АМАЛИ САВОБ. Сокини 80-солаи ноҳияи Тоҷикобод 50 ҳазор сомонияшро барои кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон сарф намуд
Дар ноҳияи Айнӣ барои обёрии беш аз 200 гектар бунёди ду ҳавзи амудии об оғоз ёфт
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
АМАЛИ САВОБ. Сокини ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш дар болои дарёи Сорбоғ пули мошингузар бунёд намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» вусъати тоза гирифтааст
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт 9 бинои нави таълимӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ ва 2 китобхона ба истифода дода шуд
Соли 2025 соҳибкорони вилояти Хатлон беш аз 500 километр роҳро мумфарш намуданд
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад