Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Чу Донюй мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин ниҳоди СММ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид.
Аз ҳамкории муфид бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ қаноатмандӣ зоҳир гардид.
Изҳори итминон карда шуд, ки бо талоши рӯзафзуни ҷонибҳо дар оянда низ рушди ҳамкорӣ ба татбиқи боз ҳам бобарори ислоҳоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмуъ ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки беҳбуд бахшидан ба самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими рушди устувори ин бахш омили муҳими баланд бардоштани некуаҳволии мардуми деҳот аст.
Ҷонибҳо омодагиашонро барои идомаи робитаҳо барои беҳсозии истифодаи заминҳои корам, пешгирӣ аз харобшавии онҳо ва ба истифода додани заминҳои нав иброз доштанд.
Дар доираи пешбурди сиёсати инкишофи иқтисоди «сабз»-и Тоҷикистон воридоти технологияҳои ниҳолпарварӣ баҳри барқарор намудани ҷангалзор, ҳифзи ҷангалу буттазор аз эрозия ва шусташавии заминҳо зарур шумурда шуд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон






