Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист дар Шаҳристон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сабзу хуррамгардонии муҳити зист Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Раиси Кумита ба масъулин баҳри хуб афзоиш ёфтани ниҳолҳо ва барои дар ҷои дигар шинонидани онҳо, ташкили ниҳолхонаи дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳандаи маҳаллӣ мутобиқ ба шароити иқлим, риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми шинонидан ва парвариши ниҳолҳо дастуру супоришҳо дод.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷонибҳои фаъоли қатъномаи Париж буда, барномаи «Мамлакати сабз»-ро барои солҳои 2023-2027 қабул намуд. Барнома дар ду давр амалӣ мешавад.
Тибқи нақша, дар даври аввал, ки солҳои 2023-2025-ро дар бар мегирад, дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонида мешавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






